ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, панҷшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2023 аст
31 августи соли 1991 ҶШС Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
***
31 августи соли 2010 дар Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва НАТО баррасӣ шуд.
***
31 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.
***
31 августи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маҷмааи муҳташами варзишӣ ба истифода дода шуд.
***
Соли 2017 байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия аз рӯи гӯштини дзюдо медали биринҷӣ ба даст овард.
***
31 августи соли 2018 Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Узбекистон сарфароз гардонид.
***
31 августи соли 2020 Конфронси вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод намуд.
***
31 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ-роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.
***
31 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
31 АВГУСТ:
Дар Молдавия – Рӯзи миллии забон.
***
Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.
ДАР ИН РӮЗ ТАВВАЛУД ШУДААНД:
Очилбой Усмонов, соли 1930— доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (1975), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).