40 нафар занони ҳунарманд соҳиби гранти Раиси шаҳри Хуҷанд шуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар занони ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ тақдим шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.
Ҳамин аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Имрӯз занони тоҷик олиму омӯзгор, духтуру сиёсатмадор, соҳибкору ҳунарманд, варзишгару рӯзноманигор ва қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузор мебошанд.
Соли равон бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз ҷумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






