Агентии омор: Дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз афзудааст

Сентябрь 27, 2023 09:12

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳаҷми боркашонӣ дар мамлакат дар ҳашт моҳи соли равон иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари манбаъ,  дар ҳашт моҳи соли 2023 бо ҳамаи намуди нақлиёт 75305,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 71110,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 94,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ — августи соли 2022  14,0 фоиз зиёд аст.

Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки соли равон дар вилояти Хатлон 24910,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 35,0 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Мутаносибан дар вилояти Суғд 22077,3 ҳазор тонна (31,0 фоиз), Бадахшон-  613,2 ҳазор тонна (0,9 фоиз), шаҳри Душанбе- 11483,5 ҳазор тонна (16,2 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12025,6 ҳазор тонна (16,9 фоиз) бор кашонида шудааст.

Дар давраи сипаришуда бо нақлиёти роҳи оҳан бо дарназардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ 4194,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — августи соли 2022  11,5 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ -вилояти Суғд- 2138,2 ҳазор тонна (51,0 фоиз),  Хатлон- 368 ҳазор тонна (8,8 фоиз), Душанбе  ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 1688,6 ҳазор тонна (40,2 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ҳашт моҳи соли 2023 дар ҳаҷми 7403,5 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст.

Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳашт моҳи соли равон  579805,0 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим  дорад. Ин аст, ки  таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 565610,8 ҳазор мусофирон кашонида шудаанд.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ин давра 7408,6 миллион мусофир км-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд аст.

      АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид