Агентии омор: Дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ 13,8 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳаҷми боркашонӣ дар мамлакат дар ҳашт моҳи соли равон иттилоъ медиҳад.
Тибқи хабари манбаъ, дар ҳашт моҳи соли 2023 бо ҳамаи намуди нақлиёт 75305,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд аст.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 71110,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 94,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ — августи соли 2022 14,0 фоиз зиёд аст.
Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки соли равон дар вилояти Хатлон 24910,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 35,0 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Мутаносибан дар вилояти Суғд 22077,3 ҳазор тонна (31,0 фоиз), Бадахшон- 613,2 ҳазор тонна (0,9 фоиз), шаҳри Душанбе- 11483,5 ҳазор тонна (16,2 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12025,6 ҳазор тонна (16,9 фоиз) бор кашонида шудааст.
Дар давраи сипаришуда бо нақлиёти роҳи оҳан бо дарназардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ 4194,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — августи соли 2022 11,5 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ -вилояти Суғд- 2138,2 ҳазор тонна (51,0 фоиз), Хатлон- 368 ҳазор тонна (8,8 фоиз), Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 1688,6 ҳазор тонна (40,2 фоиз)-ро ташкил медиҳад.
Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ҳашт моҳи соли 2023 дар ҳаҷми 7403,5 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст.
Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳашт моҳи соли равон 579805,0 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 565610,8 ҳазор мусофирон кашонида шудаанд.
Гардиши мусофирон бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ин давра 7408,6 миллион мусофир км-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд аст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






