Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад

Сентябрь 24, 2023 09:03

ДУШАНБЕ, 24.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр, соати 18:00 дар саҳни Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад, ки дар он ҳунармандони дохили мамлакат ва берун аз он иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, таърихи он таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон, нависандагону шоирон, санъаткорон, аҳли қалами халқу миллатҳои мухталифро ба худ ҷалб намудааст.

Олимон унвони Хуҷандро таҳлил намуда, исбот намудаанд, ки решаи он аз калимаи қадимии «Хваканта» гирифта шуда, маънояш «шаҳри офтобӣ» ё «офтобшаҳр» мебошад. Ин ном дар китоби муқаддаси «Авесто» 3 ҳазор сол муқаддам сабт шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Сентябрь 24, 2023 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид