«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ». Дар Ҳисор даври минтақавии озмун аз ҳисоби занҳо баргузор гардид

Сентябрь 23, 2023 10:06

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» аз ҳисоби занҳо баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ҳисор иштирок намуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Довталабон дар асоси талаботи низомнома диктант бо забони русӣ ва иншо бо забони давлатӣ навишта, ҳамчунин аз ҷониби ҳакамон бо усули саволу ҷавоб қобилият ва малакаю донишашон дар фаъолияти хизмати давлатӣ санҷида шуд.

Аз шаҳри Ҳисор дар байни хизматчиёни давлатӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон Файзимоҳ Одинаева сазовори ҷойи дуюм, байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот котиби Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Зулфия Васихова соҳиби ҷойи якум ва котиби Ҷамоати шаҳраки Шарора Гавҳар Одинаева сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибонро даври ниҳоӣ – ҷумҳуриявӣ дар пеш аст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 23, 2023 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд