Бонки миллии Тоҷикистон ба «Актив Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иваз шудани номи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Халиқ Бонк Тоҷикистон» ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Актив Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин тасмим мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.
Дар асоси ин қарор иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Халиқ Бонк Тоҷикистон» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Департаменти назорати бонкӣ ва идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилоти қарзӣ ва маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилоти қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабти дахлдор ворид намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






