Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

Сентябрь 29, 2023 14:44

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвари мо ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он зиёда аз 44 миллиард сомониро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз дар паёми шодбошии худ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 45 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

«Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад»,- таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад