Дар деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Вогати Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бинои муассиса соли 1932 сохта шуда, ҳамчун бинои садамавӣ сабт шуда буд. Соли 2019 бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави муассиса оғоз ёфт. Алҳол марҳилаи аввали сохтмони муассисаи таълимии мазкур ба анҷом расидааст. Он аз як бинои 3-ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Мактаби нав дорои 18 синфхона, маҷлисгоҳ ва китобхона буда, аз ҳисоби буҷети давлат бунёд гардидааст. Алҳол дар муассиса 738 нафар хонанда таҳсил ва 42 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд






