Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 32-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳи хосса таҷлил намуданд

Сентябрь 8, 2023 17:50

ДУШАНБЕ, 08.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил шуд. Нахуст бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯён роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши идона ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода  ҳозиринро бо фарорасии 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.

«Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоят ба дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст»,- иброз намуд Қобилҷон Хушвақтзода.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, доир ба дастовардҳои назарраси замони истиқлолият сухан гуфтанд.

Матлубахон Сатториён вобаста ба рушди илму маориф дар замони истиқлолият иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба неруҳои ақлонии мамлакат, махсусан олимон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ҳалли муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз донишу малака, хулосаҳои илмӣ ва дархосту пешниҳодҳои онҳо васеъ истифода менамояд.

Гуфта шуд, ки рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин соли 2023 барои соҳаи маориф 7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2022 13% зиёд буда, 5,7%-и Маҷмуи маҳсулоти дохила ва 18,9%-и буҷети давлатиро дар бар мегирад.

Дар идома ба устодону кормандони донишгоҳ мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ супорида шуд.

Устодони донишгоҳ бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ин дастгириҳои Пешвои миллат мо, маорифчиён ва аҳли илмро водор месозад, ки бо масъулияти баланд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии мамлакат бештару пештар кор барем.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён ва ансамбли донишгоҳ барномаи фарҳангии тараннумгари Ваҳдату Истиқлол пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2023 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд