Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши робототехника таъсис дода мешавад

Сентябрь 27, 2023 15:02

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши робототехника ва озмоишгоҳҳои наву замонавӣ таъсис дода мешаванд. Ин тасмим аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода гирифта шуда, ҳамзамон дар заминаи онҳо ташкили ихтисосҳои нави мувофиқ ба талаботи замон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар робита ба ин ва амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ректори донишгоҳ ба ҳайати устодону кормандони факултети физика дастур дод, ки табодули устодону донишҷӯён ҷиҳати анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва омӯзишӣ дар хориҷи мамлакат зиёд гардида, омӯзгорон низ бояд аз даврҳои такмили ихтисос  бештар гузаранд.

Таъкид шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои таркибии факултет, аз қабили самти ҷавонон, занон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён садорат ва мудирони кафедраҳои марбутаи факултет бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд