Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус ба кор оғоз намуд

Сентябрь 28, 2023 13:40

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Сергей Бартош-ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва  Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ иштирок доранд.

Таъкид гардид, ки муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба хислати рушди бомаром касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки ҷиҳати пешбурди маҷмуи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамо ва рушди минбаъдаи он фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ амалӣ шудааст.

Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҳамкории иқтисодӣ-мубодилаи мол ба шумор рафта, солҳои охир муомилоти байни ду давлат афзуда, номгӯи молҳои фиристодашаванда васеъ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 89,4 миллион долари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 7,2 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 82,2 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон асосан ба Беларус пахта, нах, мева ва меваҳои хушк содирот намудааст. Ҳамзамон табодули мол байни ду давлат дар 6 моҳи соли раовн дар муқоиса ба соли 2022   62,4 фоиз афзоиш ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 11-12 октябри соли 2022 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус байни вазоратҳои кишоварзии ду давлат Барномаи «Харитаи роҳи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026» ба имзо расид.

Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои Тоҷикистон ва Беларус, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд