Дар Душанбе Анҷумани роҳбарони мақомоти давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 10.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Анҷумани роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсад аз баргузории Анҷуман мубодилаи масъалаҳои ҷавонон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ ва таъмин намудани воситаҳои мубодилаи байналмилалӣ барои ҳамкории доимӣ мебошад.
Дар ҳошияи Анҷуман роҳбарони ниҳодҳои давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷамъ омада, роҳу воситаҳои ҳал намудани мушкилоти имрӯзаи ҷавонони минтақаро пайдо менамоянд. Тавассути мубодила ва ҳамкорӣ дар доираи форум роҳҳои ҳалли муштараки амалии беҳбуди вазъи кунуниро таҳия намуда, онҳоро тавассути чорабиниҳои минтақавӣ дар ҳар давлат амалӣ менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






