Дар Душанбе «Фестивали Корея 2023» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои тақвият бахшидани табодули фарҳангии байни давлатҳо ва рушди ҳамкории иқтисодӣ 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе «Фестивали Корея 2023» баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивал аз бахшҳои гуногун иборат буда, дар он 12 ширкати вилояти Кёнсангбуки Корея, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, инчунин ширкатҳои кореягӣ, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аллакай фаъолият доранд, иштирок менамоянд. Ҳамзамон дар он гӯшаи ташвиқоти тиббӣ тавассути табобатҳои одӣ, тибби анъанавӣ ва технологияи тиббии Корея ба намоиш гузошта мешавад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






