Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ҳамоиш таҳти унвони «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 10 кишвари ба мо дӯст, роҳбарони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва сармоягузорон иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиши мазкур иброз гардид, ки дар шароити тағйироти глобалӣ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ як унсури муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ин сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Ба Тоҷикистон имконият дода шудааст, то ки муколамаи сармоягузориро дар комплекси агросаноатӣ роҳбарӣ намуда, имкониятҳои васеи пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкориро ба соҳаи истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза муаррифӣ намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 млн. сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 24,1 млн доллари ИМА содирот карда шудааст.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки нишасти имрӯза ба раванди самараноки соҳибкорию сармоягузорӣ дар соҳаи агросаноатии Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
АКС: АМИТ «Ховар»











Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






