Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид

Сентябрь 15, 2023 11:11

 ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарон аз Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмонону варзишгаронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ёдовар гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2023 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард