Дар Ҳиндустон моҳи августи соли равон шуруъ аз соли 1901 хушктарин гардид

Сентябрь 1, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи августи соли 2023 дар таърихи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Ҳиндустон, шуруъ аз соли 1901 хушктарин буд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи «The Times of India».

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҳиндустон, норасоии бориш дар моҳи август метавонад беш аз 33% — ро ташкил диҳад. Ҳамин тавр, ду рӯз қабл аз охири моҳ бориши дар саросари кишвар ба амал омада 160,3 мм дар муқоиса бо меъёри 241 мм-ро ташкил дод.

Дар робита ба ин таҳдиди ба охир расидани мавсими муссонҳо (июн -сентябр) бо миқдори нокифояи бориш нигоҳ дошта мешавад.

Олимон бориши нобаробарро дар қисмати зиёди Ҳиндустон имсол ба тағйирёбии глобалии иқлим, таъсири падидаи «Эл-Нино» ва коҳиши тӯфонҳо дар халиҷи Бенгал, ки одатан дар фасли тобистон миқдори зиёди боронро ба бор меоранд, рабт медиҳанд.

Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 1, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд