Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи Шурои кор бо духтарон доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агар як мард тарбияи дуруст бинад, як нафар босавод мешавад, вале агар як зан тарбияи дуруст бинад, пас як оила ва як ҷомеа босаводу ботарбия мешавад. Дар пайравӣ ба ин шиор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара ҷаласаи Шурои кор бо духтарон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷаласаи Шурои духтарон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуда, фаъолтарин духтаронро бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистон хурду бузург заҳмату фидокориҳои занону модаронро қадр менамоянд, зеро занон имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.
Иштирокчиёни Шуро иброз доштанд, ки баланд гардидани мақому манзалати занону духтарони тоҷик дар баробари дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз саҳми бисёр арзишмандашон дар пешрафти ҷомеа ва натиҷаи заҳмати софдилонаашон мебошад. Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ азму талош намуда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми намоён гузоштанд.
Ба ҳолати аввали моҳи марти соли 2023 аз шумораи умумии 87 ҳазору 217 нафар занон дар ноҳия 12 нафар хизматчии давлатӣ буда, 200 нафари онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор менамоянд. Саҳми занони фаъоли ноҳия дар тарбияи насли наврас ва ободонии диёр назаррас арзёбӣ мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷаласаи Шурои кор бо духтарон ҳар моҳ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






