Дар ноҳияи Кӯшониён вакили мардумӣ бо интихобкунандагон мулоқот намуд

Сентябрь 8, 2023 08:49

ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Муҳаммад Шодиён оид ба дастовардҳои  32-соли соҳибистиқлолӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи  ноҳияи Кӯшониён бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ  нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати саривақтии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироат, корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот вакили мардумӣ ба дархосту саволҳо ва пешниҳодҳои интихобкунандагон посух гуфт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2023 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид