Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти муассири Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати бунёди низоми боэътимоди нақлиётию транзитӣ, содагардонии расмиёти тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ташкили низоми ягонаи энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар дохили созмон манфиатдор мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, содагардонии раванди тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот ва сармоя таъкид намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






