Дар шаҳри Ню-Йорк ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити оянда баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити оянда иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Саммити оянда имконияти беназирро барои ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти ҳалли чолишҳои замони муосир ва такмили мудирияти равандҳои марбутаи ҷаҳонӣ ва тасдиқи уҳдадориҳои давлатҳо, аз ҷумла дар самти ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор фароҳам меоварад.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто ба аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳо барои таъмини устувории ҷомеаҳо ва иқтисодиёти аз обшавии босуръати пиряхҳо осебдида таъкид намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






