Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо афзудааст
ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоши ҳаҷми гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо дар мамлакат дар сатҳи беш аз 10 фоиз иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 34383,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,6 фоиз зиёд аст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 29061,8 миллион сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 35,5 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 12214,8 миллион сомонӣ ташкил дод. Дар ин давра ба маблағи 2643,1 миллион сомонӣ чорвои зинда, 653,2 миллион сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 5127,3 миллион сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 8038,0 миллион сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба хизматрасонии техникии таъмири автомобилҳо 385,4 миллион сомониро ташкил додааст.
Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 49,9 фоиз ё 14501,9 миллион сомонӣ ва молҳои ғайриозуқа 50,1 фоиз ё 14559,9 миллион сомониро ташкил намудааст, яъне озуқаворӣ ба маблағи 58 миллион сомонӣ кам фурӯхта шудааст.
Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ- 15,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ- 17,5 фоиз, қанду шакар ва маснуоти қаннодӣ- 4,9 фоиз, сабзавот ва картошка- 5,3 фоиз ва равғани растанӣ- 4,4 фоиз дода шудааст. Аз молҳои ғайриозуқа таносуби бештар ба маводи бинокорӣ- 29,1 фоиз, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо- 11,4 фоиз, газворҳо- 8,8 фоиз, асбоби барқӣ- 4,6 фоиз ва ғайра рост меояд.
Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 2913,40 сомонӣ рост омадааст. Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба вилояти Суғд- 32,6 % ва шаҳри Душанбе- 28 % рост меояд. Таносуби молгардиши бахши ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ — августи соли 2023 99,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил дод.
Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди неъматҳои моддиро аҳолӣ барои қонеъ намудани талаботи шахсияшон ба воситаи савдо таъмин менамоянд. Ин аст, ки мафҳуми савдо дар фурӯши молҳо ба ивази даромади пулии аҳолӣ ифода меёбад. Хулоса, гардиши савдо дар муомилоти пулии мамлакат дар устуворгардии арзи миллӣ низ мавқеи хосса дорад, зеро гардиши пулӣ бо хизматрасонии савдо, махсусан савдои чакана иртиботи мустақим дорад.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






