Дар Тоҷикистон машваратҳои ҷамъбастии коршиносон оид ба омодагӣ ба саммитҳои Душанбе доир шуд

Сентябрь 12, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки 14-15 сентябр соли ҷорӣ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд, доир гаштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст матни лоиҳаҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Изҳороти душанбегии сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва номгӯи ҳуҷҷатҳои хотимавии саммитҳои дарпешистода мувофиқа шуданд.

Бастаи ҳуҷҷатҳо ба баррасии Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе танзим хоҳад шуд, пешниҳод гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд