«Душанбе-Инвест 2023» ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд

Сентябрь 21, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории​ «Душанбе-Инвест 2023» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи форум- ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат мебошад.

Форум 9 самтро фаро гирифта, дар онҳо масъалаҳои марбут ба пайдо намудани имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт, тандурустӣ, молия ва содирот баррасӣ мегарданд.

Баргузории Форуми «Душанбе-Инвест 2023» ба соҳибкорон барои ҷалби сармоягузориҳо ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ кумак менамояд.​

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд