Душанбе мизбони Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 10.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳо.
Форум дар доираи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.
Дар форум роҳбарон ва коршиносони академияҳои илмҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва олимони тоҷик иштирок менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш шиносоӣ бо дастовардҳои илми тоҷик, ташриф ба мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, масъулин ва мутасаддиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани форуми илмӣ вазифадор гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






