Имрӯз дар Душанбе нахустин нишасти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид

Сентябрь 13, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба таҳикими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт имрӯз дар Душанбе дар нахустин нишасти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки нишасти вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардида, дар он вазирони нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, Узбекистон Илҳом Маҳкамов ва Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва сухан намуданд.

Нишасти нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба нақлиёт, логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи он фазои муносиб фароҳам меорад.

Дар нишасти нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима гардида, 14-15 сентябр дар доираи мулоқоти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расонида мешавад. Ҳадафи имзои санади мазкур таҳкими ҳамкории устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мебошад.

Инчунин Созишнома оид ба таҳкими вобастагии нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ, сода намудани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, рушди хизматрасонии муосири нақлиётӣ-логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамисозии раванди ҳамлу нақл, ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.


Вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи натиҷаҳои нишасти Душанбе Эъломияи муштарак қабул намуданд. Мувофиқи Эъломия ҷонибҳо минбаъд низ фароҳам овардани шароити заруриро барои рушди хизматрасонии нақлиёти логистикӣ, бунёди анбор, иншооти истеҳсолӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо идома медиҳанд.

Нишасти нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба нақлиёт, логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкорӣ фазои муносиб фароҳам оварда, иқтидори Гурӯҳҳои кории дуҷониба оид ба нақлиёт ҳамчун воситаи муҳими ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар минтақа тақвият медиҳад.

Инчунин дар Душанбе вазирони нақлиёти давлатҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ намуданд.

Солҳои охир дар сатҳи бисёрҷониба дар афзалияти стратегияи нақлиётӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, ҳавасмандгардонии рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ тавассути шаклҳои нави маблағгузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини таҳрики устувор, рушди устувори шаҳрҳо, бехатарии ҳамаҷонибаи ҳаракат дар роҳ ва татбиқи рӯзномаи нави иқлим тағйироти сохторӣ ба амал омад. Тамоюл ва тағйироти мазкур баҳисобгирии стратегияи миллии нақлиётии давлатҳои Осиёи Марказиро барои татбиқи минбаъдаи он тақозо менамояд.

Дар доираи нишаст вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ бо корхонаҳои муштараки автобусбарории «Акиа Авесто» ва сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар шинос мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд
Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид