ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-НЕЪМАТИ БЕНАЗИРИ МИЛЛАТ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон конференсия баргузор гардид

Сентябрь 8, 2023 19:55

ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ-неъмати беназири миллат» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз намуд, ки “истиқлол неъмати бебаҳо буда, барои миллати тоҷик дар тамоми соҳаҳо сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагӣ, ободониву созандагӣ ва пешрафту тараққиёт ба армуғон овард. Аз файзи пуртаровати истиқлол соҳаи мактабу маориф ҳам зина ба зина рушд менамояд, бо истифодаи технологияи инноватсионӣ ва усулҳои фаъоли муосир таълим ҳамқадами замон мешавад, бунёди се бинои нави таълимӣ, таъсиси тахассусҳои нав, фарогирии бештари донишандӯзон ба таҳсил ва ба роҳ мондани робитаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷӣ  амалӣ мегардад”.

“Ватандӯстӣ  омили таҳкимбахши истиқлолияти миллӣ мебошад.  Худшиносиву худогоҳии миллӣ аз дӯст доштани Ватан сарманша мегирад, ки дар саргаҳи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”. Ин нуктаро роҳбари дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода иброз дошта, афзуд, ки қувват гирифтани неруи меҳанпарастӣ дар замири ҷавонон ва мардуми Точикистон умеди моро ба ояндаи равшани Тоҷикистони соҳибистиқлол афзун менамояд.

Олимону омӯзгорони донишгоҳ дар мавзуъҳои «Дастовардҳои соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ-самараи истиқлоли давлатӣ» ва «Истиқлоли давлатӣ ва равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир» маъруза намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Сентябрь 8, 2023 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд