«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат аз корхонаҳои шаҳри Исфара: «Меваи тиллоӣ», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Меваи заррин», корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии «Лаззати Хатлон» маҳсулот мефурӯшанд ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» доир мегардад. Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо раванд ва тамоюлҳои нави бозор дар минтақа шинос шаванд.
Муовини мудири «Business Consulting Group» ва мушовири миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ Ардашер Иброҳимов, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ сарварӣ менамояд, мегӯяд, ки “иштирок дар намоишгоҳи «World Food» гувоҳи талошҳои марказ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти хушсифати гуногун дар ин пойгоҳи минтақавӣ ширкатҳои мо азм доранд, ки шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз байни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб намуда, ҳамкории тиҷоратиро ба нафъи давлат рушд диҳанд”.
«World Food Moscow» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ ин тирамоҳ маротибаи 32-юм иштироккунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобит ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи ҷумҳурӣ мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд.
Муовини мудири ширкати «Исфара Фуд» Муъминҷон Мамадҷонов мегӯяд, ки “Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам ҳаҷм ва ҳам андозаи ин бозор, мавқеи ҷуғрофӣ, муносиботи наздики иқтисодӣ ва шароити нисбатан содатари вуруд ба бозори ин кишвар мебошад. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёзи фаровон ҳаст, мо аллакай дар бозори Русия мавқеи мустаҳкам дорем ва иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти нави содироти маҳсулот пайдо месозанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии мамлакат даъват менамоянд. Ин намоишгоҳ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар ва онҳоро ба ҳайси иштирокчиёни муҳими бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои агротехникӣ барои ҷамъоварии ҳосили зироат идома доранд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст






