Дар Душанбе маросими тантанавии муаррифии маркаҳои ҷашнӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии муаррифии маркаҳои почтавӣ, ки ба муносибати 5-солагии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба табъ расидаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин маросим роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Зимни маросим аз ҷониби ҳар намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар маркаҳои ҷашнӣ нақши муҳри махсуси хотиравӣ гузошта шуд.
Маркаҳои ҷашнӣ, ки фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бойгариҳои табиии минтақаро инъикос менамоянд, дар коллексияҳои филателистон мақоми хоссаро соҳибӣ менамоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






