Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ, ки 27 сентябр дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Вохӯрӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шуда, то 28 сентябр идома меёбад.
Дар ин вохӯрӣ инчунин 50 вазири сайёҳӣ ва намояндагони зиёда аз 100 давлат иштирок доранд.
Иштирокдорон доир ба масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таъмини фаъолнокии давлатҳо дар ҷамъоварии тадбирҳои муфид барои рафъи мушкилиҳои соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ, роҳандозӣ ва рушди ҳамкории сайёҳӣ муҳокимаҳо анҷом хоҳанд дод.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид






