ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Шӯраки Истаравшан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин мегарданд

Сентябрь 19, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Шӯраки шаҳри Истаравшан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.

Имрӯз Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар маҳаллаи Ясии деҳаи Шӯраки деҳоти Гули сурх бо ҷараёни корҳои омодагӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуда, барои ҳарчи зудтар бо об таъмин намудани аҳолии деҳот масъулинро вазифадор намуданд.

Чоҳи амудӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо ҷудо гардидани 250 ҳазор сомонӣ ва беш аз 170 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сокинони Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, деҳаи Шӯрак бунёд ёфта, беш аз 300 хоҷагӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Хати оби полезӣ ва нӯшокӣ тавассути чоҳи амудӣ бо истифода аз қубури қутраш 160 мм аз чуқурии 160 метр дастрас шуда, инчунин он барои обёрӣ намудани беш аз 7 гектар заминҳои бекорхобида пешбинӣ шудааст.

Иқдоми баъдинаи сокинони маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани ҳар хонаи дурдаст бо роҳи хобонидани қубурҳои обгузар мебошад.

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

 

Сентябрь 19, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид