ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Сокини маҳаллаи Лангари шаҳри Норак Эраҷ Латипов ихтиёрӣ ба хизмати Ватан-Модар меравад

Сентябрь 21, 2023 09:23

НОРАК, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Аввали моҳи октябр дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин сокини маҳаллаи Лангари шаҳри Норак  Эраҷ Латипов барои адои хизмати Ватан-Модар ихтиёран ба  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  рафта,  мақсади дар сафи артиши миллӣ хизмат намуданашро  баён дошт. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват мешаванд.

Эраҷ Латипов  зимни суҳбат иброз дошт, ки «мо,   ҷавонон  ояндаи давлат ва миллати сарбаландамон мебошем, аз ин рӯ бояд барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва сулҳу оромии мамлакати азизамон дар сафи артиши миллӣ сарбаландона хизмат намоем. Ҷавонони синни даъватӣ бояд ҳис намоянд, ки   хизмат дар Артиши миллӣ барои ҳар фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст».

Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, ба ҷавонон пайваста мефаҳмонанд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар ҷавони тоҷик аст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода иброз дошт, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми мамлакат вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро бо сари баланд ва ифтихори ватандӯстӣ ба ҷо биёрад».

Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода  ба Эраҷ Латипов шаҳодатномаи ҳизбӣ  супорид.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим амалӣ мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ шуда, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар доираи меъёри қонунҳои амалкунанда бо мардум ҳамкории зич ба роҳ мемонанд, дар самти маъракаҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот ба мушоҳида намерасанд.

Аз ин рӯ, комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф мебошанд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мегарданд, изҳори сипос менамоянд.

Маҳз дарки масъулияти баланди меҳанпарастӣ ва арҷгузории  волидони даъватшавандагон дар назди халқу миллат ва давлати соҳибистиқлол аст, ки онҳо аз далериву шуҷоат ва ҳисси ватандӯстии фарзандони хеш ифтихор намуда, онҳоро дар фазои сулҳу суботи мамлакат ба хизмати ихтиёрӣ ба Ватан ҳидоят менамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

Сентябрь 21, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд