Пагоҳ дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Сентябрь 5, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 6 сентябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии «Ҷавонон — таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат» баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конференсия роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, волонтёрон, ҷавонони фаъоли мамлакат ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд намуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур- ин дар замири ҷавонон парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва қадр намудани хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 5, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд