Президенти мамлакат: «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва соҳибкорони мо дар миёни доираҳои соҳибкорӣ ҳамчун шарикони боэътимод эътироф гардидаанд»,-иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат оғоз гардид.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки рӯйхати кишварҳои бераводид ва аз низоми соддакардашудаи гирифтани раводид истифодакунанда мунтазам васеъ гардида, пурра бо низоми электронӣ амалӣ карда мешавад. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, ки қадами дуюми оғози фаъолият мебошад, дар кишвари мо ба таври электронӣ ва ройгон ба роҳ монда шудааст. Ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ самти дигари муҳимми сиёсати ислоҳот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ҷумла дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоиди фаъолият кафолат дода мешавад.
«Инчунин, сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади бо асъори хориҷӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ бадастовардаашонро доранд ва ҷиҳати анҷом додани дигар амалиёти асъорӣ барои онҳо кафолати қонунӣ пешбинӣ карда шудааст.
Мунтазам кам ё ихтисор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ раванди соддагардонии расмиёти маъмуриро таъмин намуда, ба ин васила барои гузариш ба қадами сеюми роҳандозии фаъолияти сармоягузорӣ замина гузошта мешавад»,- тазаккур доданд Пешвои миллат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






