Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҷашн гирифта шуд

Сентябрь 17, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 17.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими Ҷопон таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки ин рӯйдоди бузург миллати тоҷикро баъд аз қарнҳо муҷаддадан соҳиби давлати соҳибихтиёр гардонид.

Иброз гардид, ки рушд ва дастовардҳои замони Истиқлол таърихан бесобиқа мебошанд ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

Сентябрь 17, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд