Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2023 17:05

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст». Эмомалӣ Раҳмон, 10.03.2012.

Зарурати таъсиси Ассотсиатсияи ВАО-и давлатҳои Осиёи Марказӣ

Нашрияи «Ҷумҳурият» аз 18.09.2023 оид ба ҷаласаи Шурои роҳбарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 15 сентябр бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Каха Имнадзе дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хабари муфассали расмӣ пешниҳоди хонандагон намудааст. Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии Арал, такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи созишномавӣ ва ҳуқуқии Фонд мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои фаъолияти муштарак дар оянда муайяну мушаххас шуданд. Бояд гуфт ки роҳбарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат доданд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сатҳи баланди ташкилӣ, пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд. Аз рӯи натиҷаи ин ҷаласа қарорҳои Шурои роҳбарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд. Зимнан, нақши Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақом ва нуфузи Фонди байналмилалии наҷоти Арал хеле муассир дониста шудааст.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе дар баробари Ҷаласаи Шурои роҳбарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчунин Вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи олӣ гузаронида шуд. «Ҷумҳурият» матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бознашр намудааст. Зимни суханронии худ Пешвои миллат, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «Осиёи Марказӣ имрӯз ба яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир ва пайвандҳои беназири ҷуғрофӣ табдил меёбад». Қобили тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ ба нақши васоити ахбори омма низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба таъсис додани ташкилоти минтақавии хабарӣ пешниҳод карданд: «Солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем. Фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда, дар бораи вазъи минтақа пур шудааст. Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Бо ин ҳадафҳо, мо пешниҳод менамоем, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад».

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 20.09.2023 оид ба сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мулоқоти Пешвои миллат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, иштирок ва суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Ҳадафҳои рушди устувор, иштироки Сарвари давлати тоҷикон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ва иштироки Сарвари давлат дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид хабару гузоришҳои муфассал нашр ва матни суханрониҳои Пешвои миллатро пешкаши хонандагони нашрия намудааст.

Шумораи Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 18.09.2023 дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ аз воқеаҳои муҳими арсаи сиёсии мамлакат оид ба сафари ҳайати парлумони мамлакат ба Ҷумҳурии Корея, мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон С. Фаттоҳзода бо раиси кумитаи Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов хабарҳо чоп намудааст. Ба хонандагони нашрия ҳамчунин мақолаи пурмуҳтаво бо унвони «Муждаи оғози даврони эҳёи миллати тоҷик аз Қасри Арбоб», ки дар партави рисолаи профессор С.Ятимов «Эҳёи миллат — бақои давлат» навишта шудааст, пешниҳод гардидааст. Муаллиф дар хусуси фосилаи арзишҳо ва қаробати хурофот, хунрезии байниҳамдигарии мусулмонон, дин ва пешрафти ҷомеа бо такя ба суханони профессор С.Ятимов мулоҳизаҳо пешниҳод карда, барҳақ бунёдгузори даврони эҳёи миллати тоҷик будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намудааст. Зимнан, мақола бо сабки илмӣ-оммавӣ навишта шуда, мавзуи калидии давлатдории миллиро дар бар гирифтааст.

Давоми ҳафтаи гузашта ва ибтидои ҳафтаи равон якчанд воқеаҳои муҳими сиёсии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳамчунин Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар робита ба ин мавзуъҳо нашрияҳои «Народная газета», «Халқ овози» ва «Минбари халқ» барои хонандагони сершумори худ хабару гузоришҳои муфассали расмӣ чоп ва шарҳи коршиносони худро оид ба натиҷаҳои саммитҳои Душанбе нашр намудаанд.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2023 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад