Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» даврҳои омодагии ибтидоӣ барои роҳбаладон ташкил намудааст
ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» даврҳои омодагии ибтидоии роҳбаладон аз рӯи барномаи корбарӣ дар дохили ҳавопаймоҳои Boeing 737 NG оғоз ёфтанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи машғулияти назариявӣ ҳайати нави роҳбаладон тарзи истифодаи низом ва таҷҳизоти ҳавопаймо, амалҳои наҷотдиҳиро дар ҳолатҳои садамавӣ, омодагии ибтидоии бехатарии авиатсионӣ, тибби авитсионӣ ва ғайраро аз бар менамоянд.
Баъди хатми омӯзиши назариявӣ гурӯҳи роҳбаладон барои гузаштани дарсҳои амалӣ ба таълимгоҳи авиатсионии назди ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот» ҷалб мешаванд.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






