Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 пурра омода мебошанд

Сентябрь 20, 2023 14:02

ТУРСУНЗОДА, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва кумаки аввалини тиббии  шаҳри Турсунзода  737 тонна ангишт, 490 куб ҳезум ва 960 литр сӯзишвории дизелӣ  захира шудааст. Захиранамоии ангишту ҳезум дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ  сад фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва баҳри амалигардонии он тамоми имкониятро равона намудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода 74 сардхонаи доимӣ бо ғунҷоиши 20 ҳазору 362  тонна маҳсулот мавҷуд аст,  ки  баҳри таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза фаъолият доранд. Дар онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи мардум бо маҳсулоти тоза дар фасли тирамоҳ маҳсулоти кишоварзӣ захира мешавад.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт  38 нуқтаи фурӯши ангишт ва 52 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокинони шаҳр ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин  дар   муассисаҳои таълимӣ 11 буғхона, 498 гармкунаки барқӣ,  1310 печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд