ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, ҷумъа, 244-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 1, 2023 08:00

Дар  ин рӯзи соли 1931 дар Тоҷикистон аввалин мактаби олӣ – Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис дода шуд.

***

1 сентябри соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ифтитоҳ гардид.

***

1 сентябри соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт.

 ***

1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси сеюми хотимавии Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид.

***

1 сентябри соли 2010 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуда, бо олимону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрии ошкорову пурсамар анҷом доданд.

***

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Мактаби байналмилалии президентиро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 АМИТ «Ховар» мужда расонид, ки аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикон як сайёраи хурди системаи офтобӣ ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Шаҳодатномаи Тоҷикистон номгузорӣ шудани ин сайёра аз ҷониби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

***

1 сентябри соли 2016 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид  ва Созмони Амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ шуд.

***

1 сентябри соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон профессори фахрии Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин интихоб гардиданд.

 ***

1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   зимни суханронӣ  дар таҷлили «Рӯзи дониш», Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  доир ба  бурду бохт ва дигар паҳлуҳои  соҳаи тандурустии мамлакат  ибрози андеша  намуданд ва супориш доданд, ки «дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум шуда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шавад».

***

1 сентябри соли 2019 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

1 сентябри соли 2021  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кӯдакистон ва Литсейи хусусии «Адолат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

***

1 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.

1 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ.

***

 Дар Узбекистон – Рӯзи истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммад Осимӣ, соли 1920 — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988).

Сентябрь 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш