Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

Сентябрь 23, 2023 09:04

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Фонди Саудӣ оид ба рушд Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад дар Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ идома дорад, доир гардид.

Дар мулоқот мусоҳибон масъалаи сиёсати кунунии экологӣ, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, инчунин масъалаҳои дигари муҳими марбутаро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди Саудӣ оид ба рушдро дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тақвият диҳанд. Инчунин Баҳодур Шерализода ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршадро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон биёяд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд