««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Суғд даври сеюми озмун оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд даври сеюми Озмуни ҷумҳуривии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар рӯзи аввали озмун 120 нафар иштирокчиёни озмун аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, қобилият ва истеъдоди худро ба ҳакамон нишон доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон мебошад.
Озмун байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти илмии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун доир мегардад.
Тибқи Низомномаи озмун, даври аввали озмун моҳи феврали соли 2023 дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронида шуда, дар он 35 ҳазору 158 нафар, аз ҷумла 28 ҳазору 512 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 681 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 2 ҳазору 647 нафар донишҷӯён, 120 нафар магистрҳо, 2 ҳазору 983 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар ходимони илмию адабӣ, 151 нафар аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм, 13 нафар докторантон ва 320 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Ба даври дуюми озмун 5 ҳазору 507 нафар роҳхат гирифтанд.
Дар даври дуюми озмун, ки давоми моҳи июн гузаронида шуд, 3 ҳазору 923 нафар, аз ҷумла 3 ҳазору 211 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 76 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 109 нафар донишҷӯён, 1 нафар магистр, 395 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 нафар ходими илмию адабӣ, 1 нафар докторант ва 121 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ба даври сеюми озмун 290 нафар роҳхат гирифт.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»






