Вазири энергетика ва захираҳои об дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Ҷопон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар чорабинии «Ҳафтаи гузариш ба энергияи «сабз» дар Токио иштирок ва дар се ҷаласаи пленарӣ сухан намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон иттилоъ медиҳад, ки мавзуи аслии ин чорабинӣ гузариш ба энергияи «сабз», яъне аз сӯзишвории истихроҷшуда ба энергияи тоза буд, ки боиси коҳиши партовҳо ва рушди иқтисодӣ мегардад.
Дар доираи ин чорабинӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамзамон бо ноиби Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) хонум ИМОТО Сачико мулоқот намуд.
Зимни мулоқот робитаҳои судманди дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) ва амалисозии тарҳҳо дар бахши энергетика дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






