Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

Сентябрь 27, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 27.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар аз ҷониби Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ташкил гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конференсия вазирони фарҳанг ва намояндагони тамоми давлатҳои исломӣ иштирок намуданд.

Зулфия Давлатзода зимни суханронӣ бо камоли эҳтирому ифтихори беандоза аз он ёдоварӣ намуд, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2010» эълон гардида буд.

Ҳамзамон Вазири фарҳанг иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ислом терроризмро маҳкум ва дар худ ғояҳои ваҳдату башардӯстиро таҷассум менамояд. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ эълом доштааст, ки дини мубини Ислом дини сулҳпарвар таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз ҷумла 20 сентябри соли равон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ аз минбари СММ таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, «зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ҳеҷ умумият ба дини мубини Ислом надорад. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини мубини Ислом ғаразҳои харобиовари худро амалӣ намуда, номи мубораки Исломро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини Ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».

Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки бо ибтикори Президенти муҳтарами Тоҷикистон теъдоди зиёди китоби «Қуръон» дар тарҷума ба забони тоҷикӣ ба таври ройгон дастраси кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо кумаки амалии Давлати Қатар яке аз масҷидҳои калонтарини дунё бунёд ёфт.

Бояд гуфт, ки дар Конференсияи 12-уми байналмилалӣ масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ, рушди барномаи «Пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом», фаъолияти муштараки минбаъда, мубориза бо гардиши ғайриқонунии интиқоли ёдгориҳои фарҳангӣ ва ғайра муҳокима шуданд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории конференсия Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар мулоқоти дуҷониба намуда, таклифу пешниҳодҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихӣ, баргузории Рӯзҳои муштараки фарҳангӣ ва иштироки ҷонибҳоро дар барномаҳои фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид