28 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНИМАТСИЯ. Шуъбаи филмҳои аниматсионии «Тоҷикфилм» таҳияи ду филмро ба нақша гирифтааст

Октябрь 28, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон бахшида ба Рӯзи байналмилалии аниматсия (филмҳои тасвирӣ), ки  28 октябр  эълон гардидааст,  чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ  доир мегарданд. Бахшида ба ин сана  хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик бо  сардори  шуъбаи филмҳои аниматсионии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Фирдавс Насруллозода  суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баҳри наворбардорӣ ва таҳияи филмҳои тасвирӣ  чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст?

Фирдавс Насруллозода: Шуъбаи филмҳои аниматсионии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» беш аз даҳ сол мешавад, ки фаъолият менамояд.  Шуъба замоне эҳё шуд, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикифилм» ҳамчун киностудияи давлатӣ ҳанӯз зертобеи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ногуфта намонад, ки фаъолияти шуъбаи филмҳои аниматсионӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса қарор дошта, то имрӯз баҳри ривоҷ додани фаъолияти он шумораи муайяни технологияҳои муосир харида шудааст. Дар шуъба ҷавонони боистеъдоде, бо шумули рассомон, аниматорон, режиссёрон ва муҳаррирон ҳудуди шаш – ҳафт нафар кор менамоянд, ки кори худро бо шавқ пеш мебаранд ва онҳое низ ҳастанд, ки тариқи шартнома дар ҳолати амалӣ шудани ягон лоиҳа ба кор ҷалб мешаванд.

Соли равон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  таҳияи ду филмро аз рӯи асари нависандаҳои классик  ва афсонаҳои халқии тоҷик ба нақша гирифтааст, ки ба рушди филмҳои тасвирии миллӣ равона шудаанд.

АМИТ «Ховар»: То ин муддат кадом филмҳои тасвирӣ  ба навор гирифта шудааст?

Фирдавс Насруллозода: Дар шуъбаи мо давоми беш аз даҳ сол филмҳои бисёре таҳия шуданд. Аз ҷумла,  филмҳои кӯтоҳ, ба мисли «Деви мевахӯр», «Саргузашти гандум», «Ҳамсояҳо», «Медалон» ва «Зани порсо», ки ҳама аз афсонаву осори бузургон баргирифта шудаанд.  Ғайр аз ин дар шуъба лоиҳае амалӣ гардид, ки дар асоси он барои ҳар як ҳарфи алифбои тоҷикӣ филмҳои  кӯтоҳи тасвирӣ  офарида шуд. Лоиҳа дар ду марҳила амалӣ гардида, қариб панҷ сол идома ёфт ва натиҷаи кори он 35 қисм филмҳои кӯтоҳи тасвирӣ гардид. Инчунин филми тасвирии  «Маликаи барфӣ» низ маҳсули эҷоди кормандони шуъба аст. Филм дар бораи паланги барфӣ мебошад, ки имрӯз номи он ҳамчун ҷонвари нодир ба Китоби сурх ворид шудааст.

АМИТ «Ховар»: Баҳри таҳияи филмҳои тасвирӣ бо киҳо ҳамкорӣ менамоед ва муаллифони филмномаҳо киҳо ҳастанд?

Фирдавс Насруллозода: Муаллифони филмҳои тасвирие, ки то имрӯз сохта шудаанд, нависандаи бачагона Азизи Азиз (филми тасвирии «Ҳамсояҳо»), Шераки Ориён («Саргузашти гандум»), Умеда Раҳимова (силсилафилми «Алифбо») ва боз дигар нависандаҳои хушқалам ҳастанд, ки бисёр филмномаҳои содаву равон ва ҷолиб омода менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар боло гуфтед, ки дар соли равон нияти  таҳияи ду филми аниматсиониро доред. Муфассал дар ин хусус мегуфтед?

Фирдавс Насруллозода:  Албатта, аз рӯи асари ин ё он нависандаи классик ё афсонаҳои халқи тоҷик таҳия намудани филми тасвирӣ иқдоми хуб ва саривақтӣ аст. Ин аст, ки шуъба тасмим гирифтааст, ки аз рӯи достони «Ҳафт хони Рустам» – и «Шоҳнома»– и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ як филме дар ҳаҷми сӣ ё чил дақиқа таҳия намояд. Ҳоло кор рӯи филмномаи он идома дорад. Бояд гуфт, ки филм серхазина хоҳад буд. Бо беҳтар гаштани зарфияти техникии шуъба ва бо даст ёфтани аввалин имконият ҳатман лоиҳа амалӣ хоҳад шуд. Идеяи навбатие, ки лоиҳаи он дар ҳоли амалӣ шудан аст, филми тасвирии «Нахӯдак» мебошад, ки аз афсонаҳои халқии тоҷикӣ сарчашма мегирад. Ин амал ба қонеъ намудани талаботи бинандагон ва рушди филмҳои тасвирии тоҷикӣ равона шудааст. Зеро ин афсонаҳо аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд ва дар тарбияи наслҳои нав таъсир гузоштаанд.

АМИТ «Ховар»: Оё ба сюжети филми «Нахӯдак» ягон тайғирот ворид шудааст?

Фирдавс Насруллозода:  Дар сюжети филм асли ҳамон афсона аст, вале боз якчанд корномаи наве илова шудааст, ки ба пештараҳо монанд мебошанд. Қаҳрамони филм ҳамон Нахӯдак аст, ки ба ҳама аз кӯдакӣ ошно аст. Образи Нахӯдак бисёр серҳаракат мебошад. Хонандаи тоҷик аз кӯдакӣ аз корномаҳои ӯ огоҳ аст. Филм ҳудуди шаш – ҳашт дақиқа давом менамояд ва ин барои кормандони эҷодию техникии шуъба таҷриба хоҳад шуд.  Чун ҳоло филми «Нахӯдак» дар ҳоли коркард аст, баъди ба бинанда  расидани он вобаста ба таъсираш кормандони шуъбаи филмҳои аниматсионӣ амал менамояд. Дар ҳолати  аз тарафи бинанда хуб қабул шудан шуъбаи филмҳои аниматсионии МД «Тоҷикифилм» нақша дорад, ки «Нахӯдак» – ро ба силсилафилм табдил диҳад.

Умед аст, ки филмҳои тасвирӣ ва синамои тоҷик ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат, хосатан насли наврас саҳми арзанда гузошта, ҳамчун оинаи миллат бо сохтани филмҳои тарбиявӣ  маънавиёти мардумро ғанӣ  мегардонанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Шуъбаи филмҳои аниматсионии МД «Тоҷикифилм»

Октябрь 28, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
126 довталаб аз Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе нахустин маротиба Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир гардид
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад
Олимони Институти астрофизикаи Тоҷикистон дар машварати ҷаҳонии COSPAR -2024 иштирок доранд
Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст