Аз ҷониби Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таъмири роҳ 134 фоиз иҷро шуд

Октябрь 4, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Зарафшон 57299,28 метри мураббаъ роҳ таъмир шуд, ки ба 134 фоиз баробар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати IRS хабар доданд.

Ҳамзамон дар намояндагии Варзоб низ нақшаи мавриди назар барзиёд иҷро гардида, бо истифода аз 7174,30 тонна мумқири истеҳсоли корхонаҳои худӣ 50363 метри мураббаъ таъмир шуд, ки 109 фоизи иҷрои нақшро дар бар мегирад.

Аз ҷониби кормандони намояндагии минтақаи Суғд 103237, 94 метри мураббаъ роҳ таъмир ва барои ин кор 12011,40 тонна асфалт сарф гардид. Иброз шуд, ки ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст.

IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 4, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид