Соли равон 4418 нафар сайёҳони хориҷӣ ба тамошои Бадахшон омадаанд

Октябрь 25, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон 14 ҳазору 915 сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро тамошо намудаанд, ки аз ин шумора 4418 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд аст, яъне шумораи сайёҳон дар вилоят рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди вилоят бештар аз 700 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки масъулин баҳри нигоҳу бин ва аз нав барқарор намудани онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, барои таъмиру навсозии Осорхонаи «Карон», меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ, мақбараи Шоҳ Бурҳони Валӣ, осоишгоҳи «Авҷ», боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Мурғоб ва қалъаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим маблағ ҷудо гардид. Айни ҳол дар вилоят 49 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд.

Соли равон, ҳамчунин, барои 26 ҳомстей (меҳмонсарой) ба маблағи 239456 доллари ИМА таҷҳизоти замонавӣ дастрас гардид. Айни замон дар ҳудуди вилоят 34 меҳмонхонаи хурду миёна, 164 ҳомстей фаъолият намуда, дар маҷмуъ, дар як шабонарӯз барои 2412 нафар меҳмон имконияти хизматрасонӣ доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 25, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад