Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: «Аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 932,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 99,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад»
ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 932,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 99,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд — 103,2 фоиз, вилояти Хатлон — 100,9, ВМКБ — 93,3, шаҳри Душанбе — 97 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 96,6 фоиз таъмин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, то якуми октябри соли 2023 бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 127,2 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 22,4 миллион сомонӣ ё 14,9 фоиз коҳиш ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази агентӣ ҳамчун мусоидати молиявии дохилиидоравӣ (субвенсия) ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 418,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли 2023 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 779 544 нафарро дар бар гирифтааст, ки теъдоди афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 255 нафар ё 3,2 %-ро ташукил медиҳад. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 372352 нафар ё 51,05 дарсад нафақахӯроне мебошанд, ки нафақаи пиронсолӣ, аз ҷумла нафақаи меҳнатии пиронсолӣ, нафақаи суғуртавии пиронсолӣ ва нафақаи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.
Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 370, 72 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 446, 51 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 362, 14 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 263, 61 сомониро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба зиёда аз 240 ҳазор нафақагирон ба маблағи 144, 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ кумаки яквақта пардохт карда шуд. Маблағи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022 «Дар бораи пардохти кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» ба нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятим ва бе саробон расонида шуд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид






