Ҳайати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар НБО «Роғун» хабар доданд.
Ҳайати донишгоҳ бо ҷараёни корҳо дар иншооти асосии сохтмон, аз ҷумла нақби сохтмонии қабати чорум, сарбанди Неругоҳ, ки бо баландии 335 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, обқабулкунакҳои доимии «Роғун», толори мошинҳо ва ғайра шинос гардид.
Бояд гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт дошта, солона беш аз 17 миллиард квт/с барқ истеҳсол менамояд. Шаш агрегати он- ҳар як 600 мегаватт иқтидор дорад. Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»













ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






