Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Институти иқтисодиёт ва демографияи Тоҷикистон бо Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Чин густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати Институти сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ланджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти иқтисодиёт ва демография хабар медиҳад.
Дар мулоқот ба масъалаҳои дурнамои ҳамкории илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имконияти густариши минбаъдаи равобити дуҷонибаи мамлакатҳо дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду давлат, ба мисли таъмини рушди устувори иқтисод ва амнияти иқтисодӣ, рушди низоми инфрасохтор ва пайвасташавии хатҳои нақлиётӣ бо бозорҳои калони иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Изҳори итминон шуд, ки доираи ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти баррасии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва Чин васеъ буда, метавонанд дар мулоқотҳои оянда мушаххастар асоснок шаванд.
Дар раванди мулоқот ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкории илмӣ – таҳлилӣ иброз гардид.
АКС: Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






