Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашум номнавис мегарданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 3 ноябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 3 ноябр, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллӣ доир мешавад. Дар ин хусус қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябр аз соати 09.00 то 17.00 ва 3 ноябр аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35 ва 223-12-47.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд






